Сабо вақти саҳар бӯе зи зулфи ёр меовард

146

Сабо вақти саҳар бӯе зи зулфи ёр меовард,
Дили шӯридаи моро ба бӯ дар кор меовард.

Ман он шохи санавбарро зи боғи сина баркандам,
Ки ҳар гул, к-аз ғамаш бишкуфт, меҳнат бор меовард.

Фурӯғи моҳ медидам зи боми қасри ӯ равшан,
Ки рӯй аз шарми он хуршед дар девор меовард.

Зи бими ғорати ишқаш дили пурхун раҳо кардам,
Вале мерехт хуну раҳ бад-он ҳанҷор меовард.

Ба қавли мутрибу соқӣ бурун рафтам гаҳу бегаҳ,
К-аз он роҳи гарон қосид хабар душвор меовард.

Саросар бахшиши ҷонон тариқи лутфу эҳсон буд,
Агар тасбеҳ мефармуд, агар зуннор меовард.

Афаллаҳ*, чини абрӯяш агарчи нотавонам кард,
Ба ишва ҳам паёме бар сари бемор меовард.

Аҷаб медоштам дишаб зи Ҳофиз ҷому паймона,
Вале манъаш намекардам, ки сӯфивор меовард.


* Худо бибахшад.