Салоҳ аз мо меҷӯйӣ, ки мастонро сало гуфтем

370

Салоҳ аз мо меҷӯйӣ, ки мастонро сало гуфтем,
Ба даври наргиси мастат саломатро дуо гуфтем.

Дари майхонаам бигшо, ки ҳеч аз хонақаҳ нагшуд,
Гарат бовар бувад, в-ар на, сухан ин буду мо гуфтем.

Ман аз чашми ту, эй соқӣ, хароб афтодаам, лекин
Балое, к-аз ҳабиб ояд, ҳазораш марҳабо гуфтем.

Агар бар ман набахшойӣ, пушаймонӣ хурӣ охир,
Ба хотир дор ин маънӣ, ки дар хидмат куҷо гуфтем.

Қадат гуфтам, ки шамшод асту бас хиҷлат ба бор овард,
Ки ин нисбат чаро кардему ин буҳтон чаро гуфтем.

Ҷигар чун нофаам хун гашту кам з-инам намеояд,
Ҷазои он ки бо зулфат сухан аз Чин хато гуфтем.

Ту оташ гаштӣ, эй Ҳофиз, вале бо ёр дар нагрифт,
Зи бадъаҳдии гул гӯё ҳикоят бо сабо гуфтем.