Сарат зи оризаи даҳр дардманд мабод

Сарат зи оризаи даҳр дардманд мабод,
Замона бар дили шоди ту ғамписанд мабод!

Ту ҷони аҳли ниёзӣ, ба чорболиши ноз
«Танат ба нози табибон ниёзманд мабод!»

Зи нози кист вуҷудат сиришта сар то пой?
«Вуҷуди нозукат озурдаи газанд мабод!»

Бар оташин лабат он хол, к-аз таб афтода-ст,
Ба чашмзахми ҳасудон ба ҷуз сипанд мабод!

Илоҷи гиряи талхам, чу ҷоми айш кашӣ,
Ба ҷуз табассумат аз лаъли нӯшханд мабод!

Ҷуз он зи сарвқадон, к-ӯ қабули хотири туст,
Ба пойбӯсии Рахши ту сарбаланд мабод!

Савора чун бадар ойӣ, зи фарқи тоҷварон
Ба ғайри тоҷ зи ту ҷуз суми саманд мабод!

Каманди давлати сармад турост, ҳеҷ саре
Бурун зи рибқаи1 тасхири ин каманд мабод!

Найест ноираи2 файзи хомаи Ҷомӣ,
Бар он най аз нафаси айбҷӯй банд мабод!


1 Рибқа – ҳалқаи ресмон.
2 Ноира – шуъла, оташ.