Сарве чу ту мебояд, то боғ биёрояд

278

Сарве чу ту мебояд, то боғ биёрояд,
В-ар дар ҳама боғистон сарве набувад, шояд.

Дар ақл намегунҷад, дар ваҳм намеояд,
К-аз тухми банӣ Одам фарзанди парӣ зояд.

Чандон дили муштоқон бирбуд лаби лаълат,
К-андар ҳама шаҳр акнун дил нест, ки бирбояд.

Ҳар кас сари савдое доранду таманное,
Ман бандаи фармонам, то дӯст чӣ фармояд.

Гар сар биравад қатъан дар пои нигоринаш,
Саҳл аст, вале тарсам, к-ӯ даст наёлояд.

Ҳаққо, ки маро дунё бе дӯст намебояд,
Бо тафриқаи хотир дунё ба чӣ кор ояд?

Сарҳост дар ин савдо чун ҳалқазанон бар дар,
То бахти баланд ин дар бар рӯи кӣ бикшояд.

Тарсам, накунад Лайлӣ ҳаргиз ба вафо майле,
То хуни дили Маҷнун аз дида наполояд.

Бар хаста набахшояд он саркаши сангиндил,
Бошад, ки чу боз ояд, бар кушта бибахшояд.

Соқӣ, бидиҳу бистон доди тараб аз дунё,
К-ин умр намемонад, в-ин аҳд намепояд.

Гӯянд, чаро Саъдӣ аз ишқ напарҳезад,
Ман мастам аз ин маънӣ, ҳушёрсаре бояд.