Сарви баланд бин, ки чӣ рафтор мекунад

242

Сарви баланд бин, ки чӣ рафтор мекунад,
В-он моҳи муҳташам, ки чӣ гуфтор мекунад.

Он чашми маст бин, ки ба шӯхию дилбарӣ
Қасди ҳалоки мардуми ҳушёр мекунад.

Девона мекунад дили соҳибтамизро,
Ҳар гаҳ ки илтифоти паривор мекунад.

Оқил хабар надорад аз андӯҳи ошиқон,
Хуфта-сту айби мардуми бедор мекунад.

Ман тоқати шикеб надорам зи рӯи хуб,
Сӯфӣ ба аҷзи хештан иқрор мекунад.

Бечора аз мутолиаи1 рӯи некувон
Сад бор тавба карду дигар бор мекунад.

Саъдӣ, нагуфтамат, ки хами зулфи шоҳидон
Дар банди ӯ машав, ки гирифтор мекунад.


1 Хуб нигоҳ кардан, наззора кардан.