Сарви бустонӣ ту ё маҳ, ё парӣ

553

Сарви бустонӣ ту ё маҳ, ё парӣ,
Ё малак, ё дафтари суратгарӣ?

Рафтане дорию сеҳре мекунӣ,
К-андар он оҷиз бимонад Сомирӣ.

Ҳар кӣ як бораш гузаштӣ дар назар,
Дар дилаш сад бори дигар бигзарӣ.

Меравӣ, в-андар паят дил меравад,
Боз меоию ҷон мепарварӣ.

Гар ту, шоҳид, бо миён оӣ чу шамъ,
Маблағе парвонаҳо гирд оварӣ.

Чанд хоҳӣ рӯй пинҳон доштан?
Парда мепӯшию бар мо медарӣ.

Рӯзе, охир, дар миёни мардум ой,
То бибинад, ҳар кӣ мебинад парӣ.

Офтоб аз манзар афтад дар равоқ,
Чун туро бинад бад-ин хушманзарӣ.

Ҷону хотир бо ту дорам рӯзу шаб,
Нақш бар дил, ном бар ангуштарӣ.

Саъдӣ аз гармӣ бихоҳад сӯхтан,
Баски ту ширинӣ аз ҳад мебарӣ.