Сарви симино, ба саҳро меравӣ

632

Сарви симино, ба саҳро меравӣ,
Нек бадаҳдӣ, ки бе мо меравӣ.

Кас бад-ин шӯхию раъноӣ нарафт,
Худ чунинӣ ё ба амдо меравӣ?

Рӯй пинҳон дорад аз мардум парӣ,
Ту парирӯй, ошкоро меравӣ.

Гар тамошо мекунӣ, дар худ нигар,
Ё ба хуштар з-ин тамошо меравӣ?

Менавозӣ бандаро ё мекушӣ?
Менишинӣ як нафас ё меравӣ?

Андарунам бо ту меояд, валек
Хоифам, гар дасти ғавғо меравӣ.

Мо худ андар қайди фармони туем,
То куҷо дигар ба яғмо меравӣ?

Ҷон нахоҳад бурдан аз ту ҳеч дил,
Шаҳр бигрифтӣ, ба саҳро меравӣ.

Гар қадам бар чашми ман хоҳӣ ниҳод,
Дида бар раҳ мениҳам, то меравӣ.

Мо ба дашном аз ту розӣ гаштаем,
В-аз дуои мо ба савдо меравӣ.

Гарчи ором аз дили мо меравад,
Ҳамчунин мерав, ки зебо меравӣ.

Дидаи Саъдию дил ҳамроҳи туст,
То напиндорӣ, ки танҳо меравӣ.