Сарвқадде миёни анҷумане

605

Сарвқадде миёни анҷумане
Беҳ, ки ҳафтод сарв дар чамане.

Ҷаҳл бошад фироқи суҳбати дӯст
Ба тамошои лолаву сумане.

Эй ки ҳаргиз надидаӣ ба ҷамол,
Ҷуз дар оина мисли хештане.

Ту ки ҳамтои хештан бинӣ,
Лоҷарам нангарӣ ба мисли мане.

Дар даҳонат сухан намегӯям,
Ки нагунҷад дар он даҳан сухане.

Баданат дар миёни пираҳанат
Ҳамчу рӯҳест рафта дар бадане.

В-он ки бинад бараҳна андомат,
Гӯяд, ин пургул аст пираҳане.

Бо вуҷудат хато бувад, ки назар
Ба хитоӣ кунанд, ё хутанӣ.

Бод агар бар ман уфтад, бибарад,
Ки намондаст зери ҷома тане.

Чора бечорагӣ бувад, Саъдӣ,
Чун намондаст чораею фане.