Сари он надорад имшаб, ки барояд офтобе

519

Сари он надорад имшаб, ки барояд офтобе,
Чӣ хаёлҳо гузар карду гузар накард хобе.

Ба чӣ дер мондӣ, эй субҳ, ки ҷони ман баромад,
База1 кардию накарданд муаззинон савобе.

Нафаси хурӯс бигрифт, ки навбате бихонад,
Ҳама булбулон бимурданду намонд ҷуз ғуробе.

Нафаҳоти2 субҳ, донӣ, зи чӣ рӯй дӯст дорам?
Ки ба рӯи дӯст монад, ки барафканад ниқобе.

Сарам аз Худой хоҳад, ки ба пояш-андар афтад,
Ки дар об мурда беҳтар, ки дар орзуи обе.

Дили ман на марди он аст, ки бо ғамаш барояд,
Магасе куҷо тавонад, ки бияфканад уқобе?

На чунон гуноҳкорам, ки ба душманам супорӣ,
Ту ба дасти хеш фармой, агарам кунӣ азобе.

Дили ҳамчу сангат, эй дӯст, ба оби чашми Саъдӣ,
Аҷаб аст, агар нагардад, ки бигардад осиёбе.

Бирав, эй гадои мискину даре дигар талаб кун,
Ки ҳазор бор гуфтию наёмадат ҷавобе.


1 Базаҳ, гуноҳ.
2 Насими хуш.