Сарфа макун, сарфа макун, сарфа гадорӯйӣ бувад

188

Сарфа макун, сарфа макун, сарфа гадорӯйӣ бувад,
Дар покбозон, ай писар, файзу худохӯйӣ бувад!

Худ оқибат андар вало не бухл монад, не сахо,
Андар сахо ҳам, бе шаке, пинҳон ивазҷӯйӣ бувад!

Ҳаст ин сахо чун сайри раҳ в-ин бухл манзил карданат,
Дар киштии Нӯҳ омадӣ, кай вақфу раҳпӯйӣ бувад?!

Сад тӯйи бар тӯ ҷисмҳо в-ин рангҳову исмҳо,
Дар баҳри нури мунбасин бе ҳеч кайфӯйӣ бувад.

Ҳосил асои мӯсавӣ ишқ аст дар кавн, ай равӣ,
Айну ғараз дар пеши ӯ ашколи ҷодӯйӣ бувад!

Як сӯ рав аз гардоби тан пеш аз дами ғарқа шудан,
Зеро бақову хуррамӣ з-он сӯйи шашсӯйӣ бувад!

Худро бияфшон чун шаҷар аз барги хушку барги тар,
Бе ранги неку ранги бад тавҳиду яктӯйӣ бувад!

Раҳ рав, магӯ ин чун бувад, зеро зи чун берун бувад,
Кай шерро ҳамдам шавӣ, то дар ту оҳуйӣ бувад!

Хомӯш, к-ин гуфти забон дорад нишони фурқате,
Вар не, чу нон хояд фате, кай вақти нонгӯйӣ бувад?!