Сафар дароз набошад ба пои толиби дӯст

91

Сафар дароз набошад ба пои толиби дӯст,
Ки зиндаи абад аст, одамӣ ки куштаи ӯст.

Шаробхурдаи маънӣ чу дар самоъ ояд,
Чӣ ҷои ҷома, ки бар хештан бидаррад пӯст.

Ҳар он ки бо рухи манзури мо назар дорад,
Ба тарки хеш бигӯяд, ки хасм арбадаҷӯст.

Ҳақир то нашуморӣ ту оби чашми фақир,
Ки қатра-қатраи борон чу бо ҳам омад, ҷӯст.

Намеравад, ки камандаш ҳамебарад муштоқ,
Чӣ ҷои панди насиҳаткунони беҳудагӯст?

Чу дар миёнаи хок уфтодае бинӣ,
Аз он бипурс, ки чавгон, аз он мапурс, ки гӯст.

Чарову чун нарасад бандагони мухлисро,
Равост, гар ҳама бад мекунӣ, бикун, ки накӯст.

Кадом сарви саҳирост бо вуҷуди ту қадр?
Кадом ғолияро пеши хоки пои ту бӯст?

Басе бигуфт худованди ақлу нашнидам,
Ки дил ба ғамзаи хубон мадеҳ, ки сангу сабӯст.

Ҳазор душман агар бар саранд Саъдиро,
Ба дӯстӣ1, ки нагӯяд ба ҷуз ҳикояти дӯст.

Ба оби дидаи хунин набишта қиссаи ишқ,
Назар ба сафҳаи аввал макун, ки тӯбартӯст.


1 Савганд ба муҳаббат.