Сахт ба завқ медиҳад бод зи бӯстон нишон

453

Сахт ба завқ медиҳад бод зи бӯстон нишон,
Субҳ дамиду рӯз шуд, хезу чароғ вонишон.

Гар ҳама халқро чу ман бедилу маст мекунӣ,
Рӯй ба солиҳон намо, хамр ба зоҳидон чашон.

Тоифае самоъро айб кунанду ишқро,
Замзамае биёр хуш, то бираванд нохушон.

Хирқа бигиру май бидеҳ, бода биёру ғам бибар,
Бехабар аст оқил аз лаззати айши беҳушон.

Сӯхтагони ишқро дуд ба сақф меравад,
Вақъ надорад ин сухан пеши фисурдаоташон.

Рақс ҳалол боядат суннати аҳли маърифат,
Дунё зери пой неҳ, даст ба охират фишон!

Теғ ба хуфя мехурам, оҳ ниҳуфта мекунам,
Гӯш куҷо, ки бишнавад нолаи зори хомушон?

Чанд насиҳатам кунӣ, к-аз паи некувон марав?
Чун наравам, ки бехудам шавқ ҳамебарад кашон.

Ман на ба вақти хештан пиру шикаста будаам,
Мӯй сафед мекунад чашми сиёҳи акдашон1.

Бӯи биҳишт медамад, мо ба азоб дар гарав,
Оби ҳаёт меравад, мо тани хештан кашон.

Боди баҳору бӯи гул муттафиқанд, Саъдиё,
Чун ту фасеҳ булбуле ҳайф бувад зи хомушон.


1 Инсон ё ҷонваре, ки аз ду нажод бошад, дурага.