Сахт зебо меравӣ якборагӣ

591

Сахт зебо меравӣ якборагӣ,
Дар ту ҳайрон мешавад наззорагӣ1.

Инчунин рух бо парӣ бояд намуд,
То биёмӯзад парирухсорагӣ.

Ҳар киро пеши ту пой аз ҷой рафт,
Зери бораш барнахезад борагӣ2.

Чашмҳои нимхобат солу моҳ
Ҳамчу ман мастанд бе майхорагӣ.

Хастагонатро шикебоӣ намонд,
Ё даво кун, ё бикуш якборагӣ.

Дӯст, то хоҳӣ ба ҷои мо, накӯст,
Дар ҳасудон уфтод оворагӣ.

Саъдиё, таслими фармон шав, ки нест
Чораи ошиқ ба ҷуз бечорагӣ.


1 Тамошогар.
2 Асп.