Саҳаргаҳ раҳраве дар сарзамине

483

Саҳаргаҳ раҳраве дар сарзамине
Ҳамегуфт ин муаммо бо қарине,

Ки: – Эй сӯфӣ, шароб он гаҳ шавад соф,
Ки дар шиша барорад арбаъине.

Худо з-он хирқа безор аст сад бор,
Ки сад бут бошадаш дар остине.

Мурувват гарчи номе бенишон аст,
Ниёзе арза кун бар нозанине.

Савобат бошад, эй дорои хирман,
Агар раҳме кунӣ бар хӯшачине.

Намебинам нишоту айш дар кас,
На дармони диле, на дарди дине.

Дарунҳо тира шуд, бошад, ки аз ғайб
Чароғе бар кунад хилватнишине?!

Гар ангушти Сулаймоне набошад,
Чӣ хосийят диҳад нақши нигине?

Агарчи расми хубон тундхӯист,
Чӣ бошад, гар бисозӣ бо ғамине?

Раҳи майхона бинмо, то бипурсам
Маоли хешро аз пешбине.

На Ҳофизро ҳузури дарси хилват,
На донишмандро илмуляқине!