Саҳаргоҳон, ки махмури шабона

428

Саҳаргоҳон, ки махмури шабона
Гирифтам бода бо чангу чағона,

Ниҳодам ақлро раҳтӯша аз май,
Зи шаҳри ҳастияш кардам равона.

Нигори майфурӯшам ишвае дод,
Ки эмин гаштам аз макри замона.

Зи соқии камонабрӯ шунидам,
Ки «Эй тири маломатро нишона!

Набандӣ з-он миён тарфе камарвор,
Агар худро бибинӣ дар миёна!

Бирав, ин дом бар мурғи дигар неҳ,
Ки анқоро баланд аст ошёна!»

Кӣ бандад тарфи васл аз ҳусни шоҳе,
Ки бо худ ишқ бозад ҷовидона?

Надиму мутрибу соқӣ ҳама ӯст,
Хаёли обу гил дар раҳ баҳона.

Бидеҳ киштии май, то хуш биронем
Аз ин дарёи нопайдокарона.

Вуҷуди мо муаммоест, Ҳофиз,
Ки таҳқиқаш фусун асту фасона.