Саҳар ба гӯшаи меҳроб зорие кардам

Саҳар ба гӯшаи меҳроб зорие кардам,
Ба ёди абруи ту ашкборие кардам.

Қароргоҳи дилам зулфи беқарори ту буд,
Аҷаб мадор, агар беқарорие кардам.

Ҳавои зулфу рухат дар дилам куҳан шуда буд,
Зи навдамида хатат тозакорие кардам.

Набурд бори ғамат пойи сабри ман аз ҷой,
Ба зери бори ғамат бурдборие кардам.

Бар остони ту судам ба хок рӯйи ниёз,
Сагони кӯйи туро ҳақгузорие кардам.

Шабе ба сӯйи ту, гуфтӣ, гузар кунам чу хаёл,
Дар интизори ту шабзиндадорие кардам.

Барор ҳоҷати Ҷомӣ, чу гуфтамат ҳолаш,
Ки ин фасона ба уммедворие кардам.