Саҳар чун абри найсон соябон бар киштзорон зад

Саҳар чун абри найсон соябон бар киштзорон зад,
Ба ишрат соғари лола салои майгусорон зад.

Фалакро қасди озори ба хун оғуштагон дидам,
Ба фарқи ғунча аз қавси қузаҳ1 чун тирборон зад.

Мазан фаррош, гӯ, хайма ба бустон, вақти деҳқон хуш,
Ки чатри сабзфоми норван бар ҷӯйборон зад.

Чӣ ҳоҷат соқии моро, ки гардонад ба маҷлис май,
Чу чашми масти ӯ роҳи хирад бар ҳушёрон зад?!

Ба тоҷи фақр кай бошад сазо ҷуз фарқи он раҳрав,
Ки пушти пойи ҳиммат бар сарири шаҳрёрон зад!

Қавидил шав, ки бар ҷоми булӯри софиошомон
Шикаст омад, чу паҳлӯ бо сафоли дурдхорон зад.

Калиди ҳар дар омад лутфи ёри мо, чӣ ҳол аст ин,
Ки қуфли ноумедӣ бар дари уммедворон зад?!

Чу булбул зад наво Ҷомӣ, вале булбул навои худ
Зи савдои гулу Ҷомӣ зи шавқи гулузорон зад.


1 Қавси қузаҳ – тиру камон, рангинкамон.