Саҳл бошад ба тарки ҷон гуфтан

461

Саҳл бошад ба тарки ҷон гуфтан,
Тарки ҷонон наметавон гуфтан.

Ҳар чӣ з-он талхтар бихоҳӣ гуфт,
Шаккарин аст аз он даҳон гуфтан.

Тавба кардем пеши болоят
Сухани сарви бӯстон гуфтан.

Ончунон ваҳм дар ту ҳайрон аст,
Ки намедонадат нишон гуфтан.

Ба каманде-дарам, ки мумкин нест
Растгорӣ ба ал-амон гуфтан.

Дафтаре дар ту вазъ мекардам,
Мутараддид1 шудам дар он гуфтан,

Ки ту ширинтарӣ аз он Ширин,
Ки бишояд ба достон гуфтан.

Булбулон нек заҳра медоранд
Бо гул аз дасти боғбон гуфтан.

Ман намеёрам аз ҷафои рақиб
Дард бо ёри меҳрбон гуфтан.

В-он ки бо ёри ҳавдаҷаш назар аст,
Натавонад ба сорбон гуфтан.

Сухани сарбамуҳри дӯст ба дӯст
Ҳайф бошад ба тарҷумон гуфтан.

Ин ҳикоят, ки мекунад Саъдӣ,
Бас бихоҳанд дар ҷаҳон гуфтан.


1 Дудил.