Симинзақано, сангдило, лолаузоро

Симинзақано, сангдило, лолаузоро,
Хуш кун ба нигоҳе дили ғампарвари моро.

Ин қолиби фарсуда гар аз кӯйи ту дур аст,
Алқалбу ало бобика лайлан ва наҳоро.1

Озурда мабодо, ки шавад он тани нозук,
Аз баҳри Худо, чуст макун банди қаборо.

Ман чун гузарам аз сари кӯйи ту, к-аз он ҷо,
Ёрои гузаштан набувад боди саборо?

Хуш он, ки зи май маст шавӣ, бехабар афтӣ,
Пинҳон зи ту ман бӯса занам он кафи поро.

Ҷомӣ накунад ҷуз ҳаваси базми ту, лекин
Дар ҳазрати султон кӣ диҳад бор2 гадоро?


1 Тарҷума: дили ман ҳар шабу рӯз ба ҷониби шумост.
2 Бор – иҷозат.