Сина моломоли дард аст, эй дареғо, марҳаме!

470

Сина моломоли дард аст, эй дареғо, марҳаме!
Дил зи танҳоӣ ба ҷон омад, Худоро, ҳамдаме!

Чашми осоиш кӣ дорад аз сипеҳри тезрав?
Соқиё, ҷоме ба ман деҳ, то биёсоям даме!

Зиракеро гуфтам: «Ин аҳвол бин», хандиду гуфт:
«Саъб рӯзе, булъаҷаб коре, парешон оламе!»

Сӯхтам дар чоҳи сабр аз баҳри он шамъи Чигил,
Шоҳи туркон фориғ аст аз ҳоли мо, ку Рустаме?

Дар тариқи ишқбозӣ амну осоиш балост,
Реш бод он дил, ки бо дарди ту хоҳад марҳаме!

Аҳли кому нозро дар кӯйи риндӣ роҳ нест,
Раҳраве бояд ҷаҳонсӯзе, на хоме, беғаме.

Одамӣ дар олами хокӣ намеояд ба даст,
Оламе дигар бибояд сохт в-аз нав одаме.

Хез, то хотир бад-он турки самарқандӣ диҳем,
К-аз насимаш «Бӯйи ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме».

Гиряи Ҳофиз чӣ санҷад пеши истиғнои ишқ?
К-андар ин дарё намояд ҳафт дарё шабнаме.