Ситорае бидурахишду моҳи маҷлис шуд

167

Ситорае бидурахишду моҳи маҷлис шуд,
Дили рамидаи моро рафиқу мӯнис шуд.

Нигори ман, ки ба мактаб нарафту хат нанавишт,
Ба ғамза масъалаомӯзи сад мударрис шуд.

Ба бӯйи ӯ дили бемори ошиқон чу сабо
Фидои орази насрину чашми наргис шуд.

Ба садри мастабаам менишонад акнун дӯст,
Гадои шаҳр нигаҳ кун, ки мири маҷлис шуд.

Хаёли оби Хизир басту ҷоми Кайхусрав
Ба ҷуръанӯшии султон Абулфаворис шуд.

Тарабсарои муҳаббат кунун шавад маъмур,
Ки тоқи абруи ёри манаш муҳандис шуд.

Лаб аз тарашшуҳи май пок кун, барои Худо,
Ки хотирам ба ҳазорон гунаҳ мувасвис шуд.

Карашмаи ту шаробе ба орифон паймуд,
Ки илм бехабар афтоду ақл беҳис шуд.

Чу зар азизвуҷуд аст назми ман, оре,
Қабули давлатиён кимиёи ин мис шуд.

Зи роҳи майкада, ёрон, инон бигардонед,
Чаро ки Ҳофиз аз ин роҳ рафту муфлис шуд.