Сифла

Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ1,
Чун яке2 хашм оварад, кайфар3 барӣ.
Сифла4 табъи мор дорад, бехилоф5,
Ҷаҳд кун6 то рӯйи сифла нангарӣ.

ВАЗН: рамали мусаддаси маҳфуз (фоитотун фоилотун фоилун).

КАЛИМАҲОИ ҚОФИЯ: парварӣ, барӣ, нангарӣ.

РАДИФ: надорад.

Луғат:

1. Парварӣ: парвариш кунӣ.

2. Яке: ногоҳ, як бор.

3. Кайфар: ҷазо.

4. Сифла: паст, хасис, фурӯмоя.

5. Бехилоф: бегуфтугӯ, бешакку гумон, ба иттифоқи аҳли назар.

6. Ҷаҳд кун: кӯшиш кун.

Маънии қитъа: Морро ҳарчанд хубтар парвариш кунию тамоми хӯрду хӯрокашро саривақт диҳӣ, ногоҳ аз чизе хашмгин шавад, туро мегазад, намеандешад, ки ин қадар ба вай некӣ кардаӣ. Одами пасти фурӯмоя, бе ҳеҷ шак хислати морро дорад, то тавонӣ, кӯшиш кун, ки бо одамони сифла ҳамнишин набошию рӯйи онҳоро набинӣ.