Соате к-аз дарам он сарви равон боз омад

215

Соате к-аз дарам он сарви равон боз омад,
Рост гӯӣ, ба тани мурда равон боз омад.

Бахти пирӯз, ки бо мо ба хусумат мебуд,
Бомдод аз дари ман сулҳкунон боз омад.

Пир будам зи ҷафои фалаку ҷаври замон,
Боз пиронасарам ишқи ҷавон боз омад.

Дӯст боз омаду душман ба мусибат бинишаст,
Боди Наврӯз алорағми1 хазон боз омад.

Муждагонӣ бидеҳ, эй нафс, ки сахтӣ бигузашт,
Дилгаронӣ макун, эй ҷисм, ки ҷон боз омад.

Бовар аз бахт надорам, ки ба сулҳ аз дари ман
Он бути сахтдили сахткамон боз омад.

То ту боз омадӣ, эй мӯниси ҷон, аз дари ғайб,
Ҳар кӣ сар ҳавасе дошт, аз он боз омад.

Ишқи рӯи ту ҳаром аст магар Саъдиро,
Ки ба савдои ту, аз ҳар кӣ ҷаҳон, боз омад.

Дӯстон, айб магиреду маломат макунед,
К-ин ҳадисест, ки аз вай натавон боз омад.


1 Бар хилофи майли.