Сорбоно, уштурон бин, сарбасар қаттор маст

116

Сорбоно, уштурон бин, сарбасар қаттор маст,
Мир масту хоҷа масту ёр маст, ағёр маст!

Боғбоно, раъд мутриб, абр соқӣ гашту шуд
Боғ масту роғ масту ғунча масту хор маст!

Осмоно, чанд гардӣ, гардиши унсур бибин,
Об масту бод масту хок масту нор маст!

Ҳоли сурат инчунину ҳоли маънӣ худ мапурс,
Рӯҳ масту ақл масту ваҳм маст, асрор маст!

Рав, ту ҷабборӣ раҳо кун, хок шав, то бингарӣ
Зарра-зарра хокро аз Холиқи Ҷаббор маст!

То нагӯйӣ, дар зимистон боғро мастӣ намонд,
Муддате пинҳон шудаст аз дидаи маккор маст!

Бехҳои он дарахтон май ниҳонӣ мехурад,
Рӯзаке ду сабр мекун, то шавад бедор маст!

Гар туро кӯбе расид аз рафтани мастон, маранҷ,
Бо чунон соқиву мутриб кай равад ҳамвор маст?!

Соқиё, бода яке кун, чанд бошад арбада?!
Дӯстон з-иқрор масту душманон з-инкор маст!

Бодаро афзун бидиҳ, то баркушояд ин гириҳ,
Бода то дар сар наяфтад, кай шавад дастор маст?!

Бухли соқӣ бошад он ҷо ё фасоди бодаҳо?!
Ҳар ду ноҳамвор бошад, чун равад раҳвор маст?!

Рӯйҳои зард бину бодаи гулгун бидиҳ,
З-он к-аз ин гулгун надорад бар руху рухсор маст!

Бодае дорӣ худойӣ, бас сабукхору латиф,
З-он агар хоҳад, бинӯшад рӯз сад хирвор маст!

Шамси Табрезӣ, ба даврат ҳеч кас ҳушёр нест,
Кофару муъмин харобу зоҳиду хаммор маст!