Соқиё, бархезу дардеҳ ҷомро

8

Соқиё, бархезу дардеҳ ҷомро,
Хок бар сар кун ғами айёмро!

Соғари май дар кафам неҳ, то зи сар
Баркашам ин далқи азрақфомро.

Гарчи бадномист назди оқилон,
Мо намехоҳем нангу номро.

Бода дардеҳ, чанд аз ин боди ғурур
Хок бар сар нафси нофарҷомро!

Дуди оҳи синаи нолони ман
Сӯхт ин афсурдагони хомро.

Маҳрами рози дили шайдои худ
Кас намебинам зи хосу омро.

Бо дилороме маро хотир хуш аст,
К-аз дилам якбора бурд оромро.

Нангарад дигар ба сарв андар чаман,
Ҳар кӣ дид он сарви симандомро.

Сабр кун, Ҳофиз, ба сахтӣ рӯзу шаб,
Оқибат рӯзе биёбӣ комро.