Соқиё, май деҳ, ки мурғи субҳи бом

359

Соқиё, май деҳ, ки мурғи субҳи бом1
Рух намуд аз байзаи зангорфом2.

Дар димоғи майпарастон бозкуш
Оташи савдо ба оби чашми ҷом.

Ё Раб, аз фирдавс кай рафт ин насим?
Ё Раб, аз ҷаннат кӣ овард ин паём?

Хотири Саъдию бори ишқи ту
Рокибе тунд асту маркубе ҷамом3.

Ҷони мову дил ғуломи рӯи туст,
Сотгине, сотгине, эй ғулом!


1 Пагоҳ, субҳи зуд.
2 Сипеҳри нилгун.
3 Хаставу кӯфта.