Соқиё, мо зи Сурайё ба замин афтодем

599

Соқиё, мо зи Сурайё ба замин афтодем,
Гӯши худ бар дами шаш тойи тараб бинҳодем!

Дили ранҷур ба танбӯр навое дорад,
Дили садпораи худро ба навояш додем!

Ба харобот будастем, аз он рӯ мастем,
Кӯйи дигар нашиносем, дар ин кӯ зодем!

Соқиё, з-ин ҳама бигзар, бидиҳ он ҷоми шароб,
Ҳамаро ҷумла яке кун, ки дар ин афродем!

Ҳамаро ғарқ куну бозраҳон з-ин аъдод,
Мазае бахш, ки мо бемазаи аъдодем!

Дили мо ёфт аз ин бода аҷойиб бӯйе,
Лоҷарам, аз дами ин бода латифавродем!

Аз бурун хастаи ёрему дарун растаи ёр,
Лоҷарам, масту тарабноку қавибунёдем!

Ҳама мастему харобему фанои раҳи дӯст,
Дар хароботи фано оқилаи эҷодем!

Ҳала, Хомӯш, биёром, арӯсӣ дорем,
Ҳама гирдак бинишинем, ки мо домодем!