Соқиё, паймона пур кун з-он ки соҳибмаҷлисат

26

Соқиё, паймона пур кун з-он ки соҳибмаҷлисат
Орзу мебахшаду асрор медорад нигоҳ.

Ҷаннати нақд аст ин ҷо, айшу ишрат тоза кун,
З-он ки дар ҷаннат Худо бар банда нанвисад гуноҳ.

Дӯстдорон дӯсткоманду ҳарифон боадаб,
Пешкорон некному сафнишинон некхоҳ.

Сози чанг-оҳанги ишрат, саҳни маҷлис-ҷойи рақс,
Холи ҷонон-донаи дил, зулфи соқӣ-доми роҳ.

Давр аз ин беҳтар набошад, соқиё, ишрат гузин!
Ҳол аз ин хуштар набошад, Ҳофизо, соғар бихоҳ!