Соқиё, сояи абр асту баҳору лаби ҷӯй

485

Соқиё, сояи абр асту баҳору лаби ҷӯй,
Ман нагӯям, чӣ кун, ар аҳли дилӣ, худ ту бигӯй!

Бӯйи якрангӣ аз ин нақш намеояд, хез,
Далқи олудаи сӯфӣ ба майи ноб бишӯй!

Сифлатабъ аст ҷаҳон, бар карамаш такя макун,
Эй ҷаҳондида, суботи қадам аз сифла маҷӯй!

Ду насиҳат кунамат, бишнаву сад ганҷ бибар:
Аз дари айш дарову ба раҳи айб мапӯй!

Шукри онро, ки дигарбора расидӣ ба баҳор,
Бехи некӣ бинишону раҳи таҳқиқ биҷӯй!

Рӯйи ҷонон талабӣ, ойинаро қобил соз,
В-арна, ҳаргиз гулу насрин надамад з-оҳану рӯй.

Гӯш бигшой, ки булбул ба фиғон мегӯяд:
«Хоҷа, тақсир мафармо, гули тавфиқ бибӯй!»

Гуфтӣ: «Аз Ҳофизи мо бӯйи риё меояд»,
Офарин бар нафасат бод, ки хуш бурдӣ бӯй!