Соқиё, хез, ки чун доси зар омад маҳи нав

Соқиё, хез, ки чун доси зар омад маҳи нав,
Ид аз он мазраъи парҳезу вараъ кард дарав.

Рӯзадорон ҳама дар орзуи моҳи наванд,
Ай хуш он кас, ки ба меҳри куҳани туст гарав.

Умрҳо дар пайи васли ту ба сар пӯйидем,
Умр бигзашту ба ҷое нарасид ин такудав.

Хотири ошиқи содиқ зи ғаразҳо пок аст,
Дар ҳақи ӯ сухани аҳли ғаразро машунав.

Омадӣ баъди шабе, к-аз паси соле биравам,
Ба Худо бар ту, ки дер омадаӣ, зуд марав.

Партаве гар фитад аз моҳи рухат дар шаби тор,
Ҳама офоқ шавад равшан аз он як партав.

Мард расво шавад аз ишқи бутон, мегӯянд,
Ҷомиву ишқи бутон, ҳар чӣ шавад, гӯ, мешав!