Соқӣ, ба нури бода барафрӯз ҷоми мо

11

Соқӣ, ба нури бода барафрӯз ҷоми мо,
Мутриб, бигӯ, ки кори ҷаҳон шуд ба коми мо.

Мо дар пиёла акси рухи ёр дидаем,
Эй бехабар зи лаззати шурби мудоми мо.

Ҳаргиз намирад, он ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.

Чандон бувад карашмаву нози саҳиқадон,
К-ояд ба ҷилва сарви санавбархироми мо.

Эй бод, агар ба гулшани аҳбоб бигзарӣ,
Зинҳор арза деҳ бари ҷонон паёми мо.

Гӯ, номи мо зиёд ба амдо чӣ мебарӣ?
Худ ояд, он ки ёд наёрӣ зи номи мо.

Мастӣ ба чашми шоҳиди дилбанди мо хуш аст,
З-он рӯ супурдаанд ба мастӣ зимоми мо.

Тарсам, ки сарфае набарад рӯзи бозхост
Нони ҳалоли шайх зи оби ҳароми мо.

Ҳофиз, зи дида донаи ашке ҳамефишон,
Бошад, ки мурғи васл кунад қасди доми мо.