Соҳибдиле, ки нарди вафо ошиқона бохт

Соҳибдиле, ки нарди вафо ошиқона бохт,
Нақди ду кавн дар раҳи ёри ягона бохт.

Кӯйи фанову фақр аҷаб корхонаест,
Хуш он ки ҳар чӣ дошт, дар ин корхона бохт.

Бирбуд шайхи савмааро лаззати самоъ,
Тасбеҳу хирқа дар раҳи чангу чағона бохт.

Дил з-орзуи холи ту дар доми ғусса мурд,
Бечора мурғ ҷон ба таманнои дона бохт.

Шуд з-он узори сода мунаққаш рухам ба хун,
Ин нақш бин, ки бо мани бедил замона бохт.

Бо хоки остони ту ушшоқро сарест,
Мискин касе, ки сар на дар ин остона бохт.

Чун бар бисоти васли ту Ҷомӣ наёфт даст,
Шатранҷи ишқ бо рухи ту ғоибона бохт.