Субҳам аз машриқ баромад боди Наврӯз аз ямин

476

Субҳам аз машриқ баромад боди Наврӯз аз ямин,
Ақлу табъам хира гашт аз сунъи Раббулъоламин1.

Бо ҷавонон роҳи саҳро баргирифтам бомдод,
Кӯдаке гуфто: Ту пирӣ, бо хирадмандон нишин!

Гуфтам: Эй ғофил, набинӣ кӯҳ бо чандин виқор,
Ҳамчу тифлон доманаш пурарғавону ёсамин?

Остин бар даст пӯшид аз баҳори барг шох,
Мева пинҳон карда аз хуршеду маҳ дар остин.

Бод гулҳоро парешон мекунад ҳар субҳдам,
З-он парешонӣ магар дар рӯи об афтода чин?

Навбаҳор аз ғунча берун шуд ба яктӯ пираҳан,
Бедмушк андохт то дигар зимистон пӯстин.

Ин насими хоки Шероз аст ё мушки Хутан,
Ё нигори ман парешон карда зулфи анбарин?

Бомдодаш бин, ки сар аз хоби нӯшин бар кунад,
Гар надидӣ сеҳри Бобил дар нигористони Чин.

Гар сараш дорӣ, чу Саъдӣ сар бинеҳ мардонавор,
Бо чунин маъшуқ натвон бохт ишқ, илло чунин.


1 Офариниши парвардигори ҷаҳониён.