Субҳ асту жола мечакад аз абри баҳманӣ

479

Субҳ асту жола мечакад аз абри баҳманӣ,
Барги сабӯҳ созу бидеҳ ҷоми якманӣ.

Дар баҳри моию манӣ афтодаам, биёр
Май, то халос бахшадам аз моию манӣ.

Хуни пиёла хур, ки ҳалол аст хуни ӯ,
Дар кори ёр бош, ки корест карданӣ.

Соқӣ, ба даст бош, ки ғам дар камини мост,
Мутриб, нигоҳ дор ҳамин раҳ, ки мезанӣ.

Май деҳ, ки сар ба гӯши ман овард чангу гуфт:
Хуш бигзарону бишнав аз ин пири мунҳанӣ.

Соқӣ, ба бениёзии риндон, ки май бидеҳ,
То бишнавӣ зи савти муғаннӣ ҳувалғанӣ.