Сулаймо мунзу ҳаллат би-л-Ироқӣ

460

Сулаймо мунзу ҳаллат би-л-Ироқӣ,
Улоқӣ, мин навоҳо, мо улоқӣ.

Ало, эй сорвони маҳмили дӯст,
Ило рукбоникум тола-штиёқӣ.

Хирад дар Зиндарӯд андозу май нӯш
Ба гулбонги ҷавонони ироқӣ.

Рабиъ-ул-умри фӣ маръо ҳимокум,
Ҳамокаллоҳу ё аҳда-т-талоқӣ.

Биё, соқӣ, бидеҳ ратли гаронам,
Сақока-л-лоҳу мин каъсин диҳоқӣ.

Ҷавонӣ боз меорад ба ёдам
Самоъи чангу дастафшони соқӣ.

Майи боқӣ бидеҳ, то масту хушдил
Ба ёрон барфишонам умри боқӣ.

Дарунам хун шуд аз нодидани дӯст,
Ало таъсан ли айёми-л-фироқӣ.

Думуъӣ баъдакум ло таҳкируҳо,
Фа кам баҳрин амиқин мин савоқӣ.

Даме бо некхоҳон муттафиқ бош,
Ғанимат дон умури иттифоқӣ.

Бисоз, эй мутриби хушхону хушгӯй
Ба шеъри форсӣ савти ироқӣ.

Арӯсе бас хушӣ, эй духтари раз,
Вале гаҳ-гаҳ сазовори талоқӣ.

Масеҳои муҷаррадро барозад,
Ки бо хуршед созад ҳамвисоқӣ.

Висоли дӯстон рӯзии мо нест,
Бихон, Ҳофиз, ғазалҳои фироқӣ.