Сурати ҳоли орифон далқ аст

Сурати ҳоли орифон далқ аст,
Ин қадар бас, чу рӯй дар халқ аст.

Дар амал кӯшу ҳар чӣ хоҳӣ, пӯш,
Тоҷ бар cap ниҳу алам бар дӯш.

Тарки дунёву шаҳват асту ҳавас
Порсоӣ, на тарки ҷомаву бас.

Дар гажоганд мард бояд буд.
Бар муханнас силоҳи ҷанг чӣ суд?