Сухандони парварда, пири куҳан

Сухандони парварда, пири куҳан,
Бияндешад он гаҳ бигӯяд сухан.

Мазан бе тааммул ба гуфтор дам,
Накӯ гӯй, гар дер гӯйӣ, чӣ ғам?

Бияндеш в-он гаҳ баровар нафас,
В-аз он пеш бас кун, ки гӯянд бас.

Ба нутқ одамӣ беҳтар аст аз давоб,
Давоб аз ту беҳ, гар нагӯӣ савоб.

(Устоди сухан) ва касе, ки мактаби суханвариро гузашта ва таҷрибаи рӯзгор ва хирад ӯро тарбият намудааст, пеш аз он, ки сухане бигӯяд, ҳатман андеша менамояд (ки чӣ бигӯяд ва оқибати суханаш чӣ хоҳад буд.)

Ту низ (аз суханварони пухта ибрат омӯз) ва ҳаргиз бе фикру андеша сухан магӯй, зеро шарти ҳатмист, ки сухани нек ва дуруст гӯйӣ, аз ин рӯ, ташвиш набош, ки (ба сабаби фикру андеша) оҳиста ва дер сухан гуфтӣ.

Пас, (ба хотири он, ки ҳатман сухани нек ва дуруст бигӯйӣ) аввал андеша намо ва баъд аз он нафас баровар (лаб ба сухан кушо) ва ҳамчунин, (шарти дигар ва муҳимми сухангӯӣ ин аст, ки) пештар аз он, ки (мардум аз дарозии суханат хаста шаванд ва) хоҳиш кунанд, ки бас кун, худат суханро тамом кун. (Яъне, тӯлонӣ ва хастакунанда сухан магӯй, балки кӯтоҳу дуруст гӯй).

(Бидон, ки) нутқ, яъне тафаккур ва гуфтор, имтиёз ва бартарии асосии одам аз тамоми ҷонварони дигари ҷаҳон аст. (Ба ин маънӣ дар илми мантиқ низ инсонро «ҳайвони нотиқ» таъриф мекунанд ва нутқ сифати асосии инсон ҳисоб мешавад.) Вале, агар одамӣ (қувваи хираду нутқро дуруст истифода накунад ва) ва сухани нек ва андешида нагӯяд (балки суханони холиву бемаънӣ гӯяд ва боиси озори мардумон шавад), ҳайвон аз ин гуна одам беҳтар аст.

Маънои куллӣ: Хирадмандон суханро санҷида мегӯянд, ту низ андешида сухан гӯй, зеро нутқу сухан бартарии аслии одам нисбат ба ҳайвоноти дигар аст ва агар одам бе андеша сухан гӯяд ва боиси озори мардум шавад, ҳайвон аз ӯ беҳтар аст. Чуноне ки худи Саъдӣ ҷойи дигар мегӯяд:

Говону харони борбардор,
Беҳ з-одамиёни мардумозор.

Зеро сухани беандеша ва ноҷо, ки аз забони инсон берун ояд, метавонад барои худи сухангӯ ва барои мардум ва ҷомеа зиёнҳои бисёр оварад ва тавре ки дар бораи қудрати сухан Мавлоно Румӣ фармудааст: Оламеро як сухан вайрон кунад…