Сухани ишқи ту бе он, ки барояд ба забонам

417

Сухани ишқи ту бе он, ки барояд ба забонам,
Ранги рухсора хабар медиҳад аз ҳоли ниҳонам.

Гоҳ гӯям, ки бинолам зи парешонии ҳолам,
Боз гӯям, ки аён аст, чӣ ҳоҷат ба баёнам?

Ҳечам аз дунйию уқбӣ наравад гӯшаи хотир,
Ки ба дидори ту шуғл асту фароғ аз ду ҷаҳонам.

Гар чунон аст, ки рӯи мани мискини гадоро
Ба дари ғайр бибинӣ, зи дари хеш биронам.

Ман дар андешаи онам, ки равон бар ту фишонам,
На дар андеша, ки худро зи камандат бираҳонам.

Гар ту Ширини замонӣ, назаре низ ба ман кун,
Ки ба девонагӣ аз ишқи ту Фарҳоди замонам.

На маро тоқати ғурбат, на туро хотири қурбат,
Дил ниҳодам ба сабурӣ, ки ҷуз ин чора надорам.

Ман ҳамон рӯз бигуфтам, ки тариқи ту гирифтам,
Ки ба ҷонон нарасам, то нарасад кор ба ҷонам.

Дуррам аз дида чакон аст ба ёди лаби лаълат,
Нигаҳе боз ба ман кун, ки басе дур бичаконам.

Сухан аз нима буридам, ки нигаҳ кардаму дидам,
Ки ба поён расадам умру ба поён нарасонам.