Сухан он гаҳ кунад ҳаким оғоз

Сухан он гаҳ кунад ҳаким оғоз,
Ё сарангушт сӯи луқма дароз,

Ки зи ногуфтанаш халал зояд,
Ё зи нохӯрданаш ба ҷон ояд.

Лоҷарам ҳикматаш бувад гуфтор,
Хӯрданаш тандурустӣ орад бор.