Сӯйи саҳро не пайи айшу тамошо меравам

Сӯйи саҳро не пайи айшу тамошо меравам,
Бе ту бар ман шаҳр танг омад, ба саҳро меравам.

То ту рафтӣ аз барам, бо кас надорам улфате,
Гарчи бошад сад касам ҳамроҳ, танҳо меравам.

Ҳеҷ ҷой аз ваҳшати танҳоиям набвад малол,
Мӯниси ҷонам хаёли туст, ҳар ҷо меравам.

По ба занҷири бало ҳар сӯ талабгори туам,
Ошиқу девонаам, занҷирбарпо меравам.

Филмасал, гар зери пойи ман бувад гул ё ҳарир,
Гарна сӯйи туст раҳ, бар хору хоро меравам.

Дар сулуки ишқи ту ҳеҷам нагирад пеши роҳ,
Дар таҷарруд гом бар гоми Масеҳо меравам.

Гуфтам: – Ай ҷон, рав, ки бе ҷонон нахоҳам зиндагӣ,
Гуфт: – Ҷомӣ, сабр кун, к-имрӯзу фардо меравам.