Сӯфӣ, биё, ки хирқаи солус баркашем

375

Сӯфӣ, биё, ки хирқаи солус баркашем,
В-ин нақши зарқро хати бутлон ба сар кашем.

Назри футӯҳи савмаа дар ваҷҳи май ниҳем,
Далқи риё ба оби харобот баркашем.

Фардо агар на равзаи Ризвон ба мо диҳанд,
Ғилмон зи ғурфа, ҳур зи ҷаннат ба бар кашем.

Берун ҷаҳем сархушу аз базми сӯфиён
Ғорат кунем бодаву шоҳид ба бар кашем.

Ишрат кунем, в-арна ба ҳасрат кушандамон
Рӯзе, ки рахти ҷон ба ҷаҳони дигар кашем.

Сирри Худо, ки дар тутуқи ғайб мунзавист,
Мастонааш ниқоб зи рухсор баркашем.

Ку ишвае зи абруи ӯ, то чу моҳи нав
Гӯйи сипеҳр дар хами чавгони зар кашем.

Ҳофиз, на ҳадди мост, чунин лофҳо задан,
Пой аз гилеми хеш чаро бештар кашем?!