Сӯфӣ ниҳод дому сари ҳуққа боз кард

133

Сӯфӣ ниҳод дому сари ҳуққа боз кард,
Бунёди макр бо фалаки ҳуққабоз кард.

Бозии чарх бишканадаш байза дар кулоҳ,
Зеро ки арзи шуъбада бо аҳли роз кард.

Соқӣ, биё, ки шоҳиди раънои сӯфиён
Дигар ба ҷилва омаду оғози ноз кард.

Ин мутриб аз куҷост, ки сози «Ироқ» сохт
В-оҳанги «Бозгашт» ба «Роҳ»-и «Ҳиҷоз» кард.

Эй дил, биё, ки мо ба паноҳи Худо равем,
З-онч остини кӯтаҳу дасти дароз кард.

Санъат макун, ки ҳар кӣ муҳаббат на рост бохт,
Ишқаш ба рӯйи дил дари маънӣ фароз кард.

Фардо, ки пешгоҳи ҳақиқат шавад падид,
Шарманда раҳраве, ки амал бар маҷоз кард.

Эй кабки хушхиром, куҷо меравӣ, биист!
Ғарра машав, ки гурбаи зоҳид намоз кард.

Ҳофиз, макун маломати риндон, ки дар азал
Моро Худо зи зуҳди риё бениёз кард.