Табъи мардум сӯйи хубони вафокеш кашад

Табъи мардум сӯйи хубони вафокеш кашад,
Хотири ман ба бутони ситамандеш кашад.

Ҳар киро саркашиву шӯхиву бадкешӣ беш,
Хун гирифта дили ман ҷониби ӯ беш кашад.

Мекашам туҳфаи ҷон пеши чунон сангдиле,
Ки ба қатлам зи ҳама теғи ситам пеш кашад.

Маҳрами хилвати васланд ҳама муҳташамон,
Меҳнати ҳаҷр ҳамин ошиқи дарвеш кашад.

Марҳаме бахш зи пайкон ҷигари реши маро,
То кай аз дасти табибон алами неш кашад.

Захми пайкони ту бурд аз дили ман ранҷи фироқ,
Ай хуш он неш, ки озурдагӣ аз реш кашад.

Ҷомӣ, аз оташи дил наъли суми аспи ту ёфт,
То зи сар доғи ҷафоят ба рухи хеш кашад.