Тавонгарон, ки ба ҷанби сарои дарвешанд

236

Тавонгарон, ки ба ҷанби сарои дарвешанд,
Мурувват аст, ки ҳар вақт аз ӯ бияндешанд.

Ту, эй тавонгари ҳусн, аз ғанои дарвешон
Хабар надорӣ, агар хастаанду гар решанд.

Туро чӣ ғам, ки яке дар ғамат ба ҷон ояд?
Ки дӯстони ту, чандон ки мекушӣ, бешанд.

Маро ба иллати бегонагӣ зи хеш марон,
Ки дӯстони вафодор беҳтар аз хешанд.

Ғуломи ҳиммати риндону покбозонам,
Ки аз муҳаббати бо дӯст душмани хешанд.

Ҳар оина лаби ширин ҷавоби талх диҳад,
Чунон ки соҳиби нӯшанд, зориби нешанд.

Ту ошиқона мусаллам надидаӣ, Саъдӣ,
Ки теғ бар сару сар бандавор дар пешанд.

На чун мананду ту мискин, ҳариси кӯтаҳдаст,
Ки тарки ҳарду ҷаҳон гуфтаанду дарвешанд.