Тандурустонро набошад дарди реш

Тандурустонро набошад дарди реш,
Ҷуз ба ҳамдарде нагӯям дарди хеш.

Гуфтан аз занбӯр беҳосил бувад,
Бо яке дар умри худ нахӯрда неш.

То туро ҳоле набошад ҳамчу мо,
Ҳоли мо бошад туро афсона беш.

Сӯзи ман бо дигаре нисбат макун,
Ӯ намак бар дасту ман бар узви реш!