Танҳо зи куҷо мерасӣ, ай сарви қабопӯш?

Танҳо зи куҷо мерасӣ, ай сарви қабопӯш?
Дардо, ки ту меоию ман меравам аз ҳуш.

Ман лаззати дидор чӣ донам, ки ҳанӯзат
Аз дур, надида, фитам ошуфтаву мадҳуш.

Ҳарчанд бурун нестӣ аз хотири тангам,
Пеш ой, ки чун ҷон кашамат танг дар оғӯш.

Дар гӯши ту як нукта зи бахти сияҳи мо
Гуфтан кӣ тавонад, магар он холи баногӯш.

Гӯям сухане бо ту, агарчанд ки гардад
Бар табъи латифи ту ҳамин лаҳза фаромӯш.

Хоҳӣ, ки Худо дар ду ҷаҳон поси ту дорад,
Зинҳор, ту дар поси дили хастадилон кӯш.

Ҷомӣ, зи харобот ғараз бодаи ишқ аст,
Хоҳӣ зи сабӯ даркашу хоҳӣ зи қадаҳ нӯш.