Тараҳҳам зиллатӣ, ё залмаолӣ

594

Тараҳҳам зиллатӣ, ё залмаолӣ,
Ва восилнӣ, изо шаввашта ҳолӣ.

Ало ё ноисаттарфайни сукрӣ,
Салиссаҳрона ан тулиллаёлӣ,

Надорам чун ту дар олам дигар дӯст,
Агарчи дӯстӣ, душманфиъолӣ.

Камолулҳусни фиддунё мусунун,
Камислилбадри фӣ ҳаддилкамолӣ.

Мураккаб дар вуҷудам ҳамчу ҷонӣ,
Мусаввар дар димоғам чун хаёлӣ.

Фамо заннавму? Қиланнавму роҳа,
Ва молиннавму фӣ тулиллаёлӣ.

Даме дилдорию соҳибдилӣ кун,
Ки бархур бодӣ аз соҳибҷамолӣ!

Алам танзур ило айнӣ ва дамъӣ,
Таро филбаҳри асдофаллаолӣ.

Ба гӯшат гар расонам нолаи зор,
Зи сӯзи нолаи зорам бинолӣ.

Лақад каллафта мо лам ақви ҳамлан,
Ва мо лӣ ҳилатун ғайраҳтимолӣ,

Ки кӯтаҳ бод чун дасти ман аз дӯст
Забони душманон аз бадсиголӣ!

Ало ё соилан аннӣ таваққаф,
Фа мо қалбулмуанно анка солӣ.

Ба чашмонат, ки гарчи дурӣ аз чашм,
Дил аз ёди ту як дам нест холӣ.

Манаътунноса ястасқуна ғайсан,
Анистарсалту дамъан каллаолӣ.

Ҷаҳоне ташнагонро дида дар туст,
Чунин покиза пиндорам зулолӣ.

Ва ло фикал-иродат фавқа васфин,
Валокин лам тузиднӣ маҳтиёлӣ?

Чӣ дастон бо ту даргирад чу рӯбоҳ,
Ки аз мардум гурезон чун ғазолӣ?

Ҷарат айноа мин зикрока сайлан,
Салилҷирона аннӣ моҷаро лӣ.

Намояндат ба ҳам халқе ба ангушт,
Чу бинанд он ду абрӯи ҳилолӣ.

Ҳифозӣ лам язал мо дунту ҳайян,
Ва лав антум заҷартум мин висолӣ.

Дилат сахт асту паймон андаке суст,
Дигар дар ҳар чӣ гӯям, баркамолӣ.

Изо конафтизоҳӣ фика ҳулван,
Фақул лӣ мо лиуззолӣ ва молӣ?

Маро бо рӯзгори хеш бигзор,
Нагирад сарзаниш дар лоуболӣ.

Таронӣ нозиман фӣ-л-ваҷди байтан,
Ва тарфӣ носирун иқдаллаолӣ.

Нагӯям қоматат зебост ё чашм,
Ҳама лутфию сар то по ҷамолӣ.

Ва ин кунтум саимтум тула максӣ,
Ҳаволикум, фақад ҳонартиҳолӣ.

Чу Саъдӣ хок шуд, суде надорад,
Агар хоки вай андар дида молӣ.