Тарки дунё ба мардум омӯзанд

Тарки дунё ба мардум омӯзанд,
Хештан симу ғалла андӯзанд.

Олимеро, ки гуфт бошаду бас,
Ҳар чӣ гӯяд, нагирад андар кас.

Олим он кас бувад, ки бад накунад,
На бигӯяд ба халқу х(в)ад накунад.