Тарфи боғу лаби ҷӯю лаби ҷом аст ин ҷо

Тарфи боғу лаби ҷӯю лаби ҷом аст ин ҷо,
Соқиё, хез, ки парҳез ҳаром аст ин ҷо.

Шайх дар савмаа гар маст шуд аз завқи самоъ,
Ману майхона, ки ин ҳол мудом аст ин ҷо.

Лаб ниҳодӣ ба лаби ҷому надонам мани маст,
Ки лаби лаъли ту ё бода кадом аст ин ҷо.

Бастаи ҳалқаи зулфи ту на танҳо дили мост,
Ҳар куҷо мурғи диле, бастаи дом аст ин ҷо.

Мекашӣ теғ, ки созӣ дили моро ба ду ним,
Теғ бигзор, ки як ғамза тамом аст ин ҷо.

Пеши арбоби хирад шарҳ макун мушкили ишқ,
Нуктаи хос магӯ, маҷлиси ом аст ин ҷо.

Ҷомӣ аз бӯйи ту шуд маст, на май диду на ҷом,
Базми ишқ аст, чӣ ҷойи маю ҷом аст ин ҷо?