Тафовуте накунад қадри подшоеро

21

Тафовуте накунад қадри подшоеро,
Ки илтифот кунад камтарин гадоеро.

Ба ҷони дӯст, ки душман бад-ин ризо надиҳад,
Ки дар ба рӯй бибанданд ошноеро.

Магар ҳалол набошад, ки бандагони мулук
Зи хайлхона биронанд бенавоеро.

В-агар ту ҷавр кунӣ, ройи мо дигар нашавад,
Ҳазор шукр бигӯем ҳар ҷафоеро.

Ҳама саломати нафс орзу кунад мардум,
Хилофи ман, ки ба ҷон мехарам балоеро.

Ҳадиси ишқ надонад, касе ки дар ҳама умр
Ба сар накӯфта бошад дари сароеро.

Хаёл дар ҳама олам бирафту боз омад,
Ки аз ҳузури ту хуштар надид ҷоеро.

Саре ба суҳбати бечорагон фуруд овар,
Ҳамин қадар, ки бибӯсанд хоки поеро.

Қабои хуштар аз ин дар бадан тавонад буд?
Бадан наяфтад аз ин хубтар қабоеро.

Агар ту рӯй напӯшӣ бад-ин латофату ҳусн,
Дигар набинӣ дар Порс порсоеро.

Манеҳ, ба ҷони ту, бори фироқ бар дили реш,
Ки пашшае набарад санги осиёеро.

Дигар ба даст наёяд чу ман вафодоре,
Ки тарк менадиҳам аҳди бевафоеро.

Дуои Саъдӣ агар бишнавӣ, зиён накунӣ,
Ки яҳтамил, ки иҷобат бувад дуоеро.